Дар вилояти Хатлон то охири соли 2021 зиёда аз 959 муассисаи тандурустӣ бунёд мешаванд, ки то имрӯз беш аз 70 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.

— Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 959 муассисаи гуногуни тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 70 дарсади онҳо бунёд шудаанд, — гуфт сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода.

Ба иттилои ӯ, аз ин миқдор иншоот 53 адад беморхона, 105 адад маркази саломатӣ, 341 адад бунгоҳи тиббӣ, 230 адад нуқтаи хатна, 30 адад таваллудхона ва 200 адади дигарашро дорухонаҳо ташкил медиҳанд.

Манбаъ қайд кард, ки ин ҳама талошҳои Ҳукумати вилояти Хатлон ва Раёсати тандурустии вилоят баҳри беҳтар кардани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилоят ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here