Дар вилояти Хатлон давоми 3 моҳи соли 2019-ум 54 адад бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 53,6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки  дар 3 моҳи соли 2019, аз ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ 454,0 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 241,0 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ ба маблағи 192,6 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 90,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

Ба иттилои расида, дар вилоят 54 адад бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 53,6 миллион сомонӣ (ғайр аз хонаҳои шахсӣ), аз  ҷумла  14 синфхонаи иловагӣ бо 396 ҷои нишаст, 1 маркази саломатӣ, 30 маркази савдо ва дӯкони тиҷоратӣ, 2 толори варзишӣ, 3 адад хонаи истиқоматии баландошёна, таъмири асосии 1,7 км роҳи автомобилгард ва 7 адад иншооти дигар сохта ба истифода дода шудаанд.

Инчунин, аз ҳисоби аҳолӣ 509 адад хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 55,8 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here