Дар панҷ моҳи соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 11 бунгоҳи тиббӣ ва 2 маркази саломатӣ бунёд шудаст, ки аз ин ҳисоб даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шоҳназарова Матлуба гуфт, ки ин ҳама талошҳои Раёсат ба хотири дар шароити хуб ба ташхису табобат фаро гирифтани сокинон аст.

Ӯ аз он нигаронӣ кард,ки ҳоло дар вилояти Хатлон 62 бунгоҳу маркази саломатӣ  таъмирталабу дар  хонаҳои шахсӣ, мактабҳо ва дигар ҷойҳои номувофиқ ҷойгир мебошанд. “Раёсати тандурустии вилоят  кӯшиш дорад, то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи инҳоро таъмир кунад”, — илова кард Ш.Матлуба.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here