Дар 7 моҳи соли равон 8 корманди нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудаанд.

Зимни тасдиқи ин хабар,  муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Абдурозиқ Солиев, ба хабарнигори «Фараж» гуфт, аз 8 нафар корманди нозироти андоз, ки дар 7 моҳ дастгир шудаанд, 5 нафар корманди нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 2 нафар корманди нозироти андози шаҳри Бохтар ва як нафари дигар аз ноҳияи Ёвон мебошанд.

Иттилоъ дода шуд,ки ҳамаи кормандони дастгиршудаи нозироти андози вилоят, баьди боздошт аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here