Соли 2020-ум 778 нафар сокини вилояти Хатлон, ки аз  маҳбас озод шуданд, наздики ним миллион сомонӣ маблағ гирифтанд.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзалзод  зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки соли гузашта ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 778 нафар аз вилояти Хатлон, ки аз маҳбас озод шуда буданд, барои гирифтани кумакпулӣ муроҷиат карданд.

— Аз 778 нафан маҳбусе, ки муроҷиат карданд, 91 нафарашонро занон ташкил медиҳанд ва ба онҳо 493 ҳазор ёрии пулӣ расонида  шудаст, — илова кард ӯ.

Итилоъ дода шуд, ки бештар маҳбусоне, ки кумакпулӣ гирифтанд аз шаҳри Бохтар (69 нафар), Панҷ (50 нафар) Норак (46 нафар), Ёвон (38 нафар), Кӯлоб (83 нафар), Ҳамадонӣ (51 нафар) ва Фархор (55 нафар) мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here