Дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов барои бидуни мушкили сипарӣ намудани фасли зимистон доруворӣ, хурокворӣ, сузишворӣ ва дигар маводи лозим захира карда шудаанд.

Муовини сардухтури беморхонаи мазкур Ёқуб  Баяков, дар сӯҳбат ба «Фарраж» гуфт, ки айни замон 600 килограм орд, 200 литр равған, 700 килограм донагӣ, 300 кг шакар, 1000 кг картошка, 1000 кг пиёз, 1000 кг сабзӣ захира карда шудаст.

Ҳамчунин, ин шахси масъул гуфт, дар анбори беморхона ба қадри кофӣ доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, маводи зиддиуфунӣ мавҷуд мебошад.

Ба ҷуз ин, 1,3 тонна сӯзишвории дизелӣ, 186 гармкунаки барқӣ, 1 ҳазору 200 адад рахти хоб ва 3 дастгоҳи барқдиҳӣ омодаи коранд.

Дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов 20 шуъбаи табобатӣ ва 8 ҳуҷраи ёрирасон ҳаст, ки дар онҳо 619 кат мавҷуд буда, ба аҳолии вилояти Хатлон 136 нафар пизишки ботаҷриба хизмати тиббӣ мерасонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here