Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  панҷ роҳбари нозироти андози шањру ноњияи вилоят барои иҷро накардани  нақшаи қисми даромади буҷет муҷозоти интизомӣ шуда, аз вазифа  барканор шудаанд. Ҳамчунин, ду нафар мансабдори ин ниҳод даст ба ҷиноят задаанд. 

Мудири бахши кадрҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Рухшона Шириналиева зимни нишасти матбуотии  Раёсати нозироти андози вилоят иттилоъ дод, ки  аз 16 роҳбари аз мансабаҳояшон сабукдӯшшуда, панҷ нафар барои иҷро накардани қисми даромади буҷет, як нафар барои содир кардани ҷиноят, се нафар дар натиҷаи нагузаштан аз атестатсия ва нӯҳ нафари дигар бо сабаби ба дигар вазифа гузаштан, сабукдӯш шудаанд.

Ивазшавии  роҳббарони нозироти андоз дар  шаҳру ноҳияҳои Бохтар ду маротиба, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ду маротиба,  ноҳияи Восеъ ду маротиба ва Левакант  як мартиба ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбари Нозироти андози ноҳияи Восеъ ва муовини сардори Нозироти андози шаҳри Бохтар барои гирифтани пора, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, аз мансабҳояшон барканор гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here