Имрӯз дар назди “Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар”, ки онҷо беш аз 200 нафар зану духтару мард барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ ҳамарӯза ҷамъ мешаванд, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гашт.

Ин ярмарка бо ташабуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он  шуъбаҳои Агентии маҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои  Бохтар, Леваканд, Кушониён ва Хуросон иштирок намуданд, -гуфт мутахасиси  раёсати мазкур Шералӣ Сайдюсуфов.

Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка 26 корхона иштирок намуда, 881 ҷойи кории холӣ пешниҳод шуданд. Ҳангоми баргузории он ба  87 нафар корҷӯйе, ки дар бозори мардикорон ҳамарӯза  ҷамъ меоянд, роҳхат дода шуд.

Аз ҳама бештаро, яъне 300 ҷойи кори холиро барои занону бонувон дар ярмаркаи имрӯза ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” пешниҳод кард. Аммо мутаассифона аксар занону мардоне, ки дар ин макон ҳамарӯза барои пайдо кардани рӯзии худ ҷамъ меоянд, корҳои пешниҳоднамудаи онҳоро қабул накарданд ва гуфтанд, ки барои онҳо музди ҳаррӯза лозим аст.

Добавить комментарий