Дар 11 моҳи соли 2020 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 343 эълони ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор карда шудаст, ки тариқи он беш аз  4,2 ҳазор кас бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Бино ба иттилои сардори  Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобил Файзализода дар 11 моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша бояд дар вилоят 302 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор карда мешуд, аммо дар ин давра 343 маротиба чунин ярмарка барои таъмини бекорон дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 670 корхонаву ташкилот иштирок намуда, 28 ҳазору 505 ҷойи холии кор пешниҳод карданд.

— Дар ярмаркаҳои баргузоргардида 29 ҳазору 304 нафар иштирок карда, 4 ҳазору 899 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 4 ҳазору 286 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 43 нафарашонро занон ва 2 ҳазору 158 нафари дигарашро ҷавонон ташкил медиҳад, — афзуд манбаъ.

Ин шахси масъул илова кард, ки тарқи 343 ярмаркаи баргузоргардида 1879 нафар ба касбомузӣ ҷалб гардида, инчунин, 374 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here