Карим Ҳалимов, ки соли 2015-ум дар ҷамъбасти фестивал-озмуни “Оши палав” дар Душанбе ба ҳайси ошпази беҳтарин эътироф шудаву ҷоизаи «Кафгири тило»-ро ба даст оварда  буд, рӯзи 23 март дар сини 66-солагӣ бар асари бемории диабети қанд дунёро тарк кард.

Марҳум Карим Ҳалимов дар ошхонаи бозори «Фаровон»-и маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ба ҳайси ошпаз кор ва барои дустдорони таоми миллӣ беҳтарин палавро омода мекард.

Даргузашти ӯ наздикону дустону мизоҷонашро сахт андуҳгин кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here