Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон, 253 ҳолатҳои вафқулоддаи дорои хусусиятҳои гуногун дошта, ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 47 нафар ба ҳалокат расида, 140 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ин бора сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Исозода Сулаймон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд.

Ӯ гуфт, маблағи зарари ин ҳодисаҳо 14 милиону 107 ҳазору 846 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳавмзамон, ӯ илова намуд, ки дар ин ҳодисаҳо 24 манзили зисти сокинон ба пуррагӣ хароб шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here