То 13-уми сентябри соли 2019 аз ҳудуди вилояти Хатлон  ба хориҷи кишвар 88,6 ҳазор тонна маҳсулот содирот шуда, иҷрои дурнамо 106,7 фоиз таъмин шудааст. Аз ин миқдор 67889,3 тонна пиёз, 8812,6 тонна мева, 11848,9 тонна дигар намуди маҳсулотро ташкил дода, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1917,2 тонна зиёд мебошад.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар 8 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон  8188,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 568,8 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 7,5 дарсадро ташкил додааст.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 654,4 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 15 ҳазор тонна пахта, 912,9 ҳазор тонна сабзавот, 214,1 ҳазор тонна картошка, 383 ҳазор тонна полезӣ, 144,6 ҳазор тонна мева, 75,3 ҳазор тонна ангур, 62,7 ҳазор тонна гӯшт, 216,7 ҳазор тонна шир, 46,6 миллион дона тухм, 474,6 тонна асал, 468,6 тонна моҳӣ ва 367,2 тонна пилла истеҳсол гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан, аз 4 дарсад то 2 баробарро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here