Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба 921 нафар пизишки ботаҷриба ниёз доранд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоали дар нишасти хабарии ниҳодаш имрӯз, 15-уми июл, иттилоъ дод, ки норасоии бештар аз пизишкон оилавӣ, чашм, кӯдакона ва руҳшинос эҳсос мешавад.

Ӯ бо нигаронӣ гуфт, мутасифона дар шаш моҳи соли равон 14 нафар пизишки вилоятро аз даст додаанд.  Омили фавти табибонро ин шахси масъул бемории илтиҳобии шуш гуфт.

Масъалаи дигаре, ки дар нишаст боиси ташвиши масъулони соҳаи тандурустии вилоят гардид, ин фавти 7 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд буд.

— Фавт дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Леваканд, Данғара ва Ховалинг ба қайд гирифта шудааст, ки баъди фавти занон ҳангоми таваллуд масъулони беморхонаҳои ин шаҳру ноҳияҳо ҷазои интизомӣ гирифтанд, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here