Дар вилояти Хатлон ҳоло 119 муассисаҳои таълимб бо фарогирии 56 ҳазору 326 хонанда ба таҳсил фаъолият доранд, ки ба онҳо офатҳои табиӣ таҳдид мекунанд.

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Вафо Ашӯров гуфт, ки ҳоло дар вилоят 119 муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои хавфнок ҷойгиранд, ки ба онҳо раванди офатҳои таббиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани ярч ва обхезӣ таҳдид мекунад. Иттилоъ дода шуд, ки чунин мактабҳо дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Панҷ, Хуросон, Шаҳритуз, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар ноҳияҳо ҷойгиранд.

— Барои баровардани ин мактабҳо аз мавзеҳои хавфнок ба унвони раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб равон кардаем,- гуфт номбурда.

Гуфта шуд, ки дар умум дар вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок вуҷуд дорад, ки дар онҳо 45 ҳазору 41 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here