Дар ҳудуди вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 251 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 40 нафар ба ҳалокат расида, 132 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода итилоъ дод, ки маблағи умумии зарар 13 миллиону 472 ҳазору 437 сомониро ташкил медиҳад.
— Дар ин давра се ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиидошта дар вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии зарар 8 миллиону 218 ҳазору 175 сомониро ташкил медиҳад ва се талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд, — гуфт номбурда.
Ба иттилои ӯ, офтаи табиие, ки хисороти зиёд дошт, дар ноҳияи Хуросон буд, ки бар асари омадни сел ду маротиба хонаву иншооти зиёди сокинон хароб гаштанд. Зарари ин офатҳо беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қайд карда шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 133 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки маблағи зарари он бештар аз 5 миллиону 250 ҳазор сомониро ташкил дода, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар ин давра 115 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайвастааст, ки дар натиҷа 35 нафар ба ҳалокат расида, 132 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.