Дар вилояти Хатлон соли гузашта  ҳангоми кор дар сохтмонҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қ. Яқубзода иттилоъ дод, ки соли 2019-ум ҳангоми кор дар сохтмонҳо  8 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

— Маблағи умумии ҷуброни зиён 244 ҳазору 480 сомонӣ буда, аз ҷумла,  барои фавти 8 нафар 22 ҳазору 800 сомонӣ ва барои бардоштани ҷароҳати ҷисмонии 5 нафар 16 ҳазору 800 сомонӣ пардохт гардидааст, — гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки баъди фавти ин афрод 12 кӯдак ятим мондаанд, зеро 5 нафар аз фавтидагон аз як то чорнафарӣ фарзанд доштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here