Баланд шудани нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум дар бозору дӯконҳои вилояти Хатлон боиси нигаронии сокинон гардидааст. Фардо Иди Қурбон аст, аз ин фурсат баъзе савдогарон истифода кард,а нархи маҳсулоти авалияро баланд бардоштаанд.

Ба зами гаронии нархи наво имрӯз бозору дӯконҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон серодам аст, чун мардум барои омода кардани дастурхони идона омодагї мегиранд.

Њарчанд, ба хотири пешгирии бемории сироятии коронавирус ва сиҳатии аҳолї баргузории иди Қурбон манъ шуд, мутаассифона, аксар инро ба инобат нагирифта рӯ ба бозору мағозаҳо овардаанд. Зимнан, худашон низ аз гарон шудани  нархи маҳсулоти аввалия шикоят мекунанд, аммо боз рӯ ба бозор ниҳода дар пайи хариди дастархони идона њастанд.

Ҳоло дар бозору мағозаҳо нархи гӯшт 53-55 сомонӣ, себ  15-30 сомонӣ, шафтолу 10-15 сомонӣ, ангур 10-15 сомонӣ арзиш дошта,  ҳато нархи тухму банан ва либосворӣ низ гарон шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here