Дар вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли равон 971 номгӯй маводи дуруворӣ,  ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдакона, ки ғайристандартӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта аст, дар ҳаҷми  9 тоннаю 386 кг, ки 530 ҳазор сомониро ташкил медод, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Аз маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ин давра 155 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба камбудиҳо роҳ доданд, оғоз гардида, онҳо ба маблағи 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима шуданд.

Тибқи иттилои расида, аз маводҳои сӯзонидашуда 622 номгӯй бо хоҳиши худи муассисаҳои фармасевтӣ ба Сарраёсат оварда шуда, 260 номгӯйи дигарро мутахассисони марказ зимни гузаронидани санҷишҳо аз муасссисаҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ ошкор кардаву аз муомилот гирифтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here