Айни замон дар нуҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон осорхонаҳои таърихиву кишваршиносӣ фаъолият надоранд.

Сардори Раёсати фарҳаги вилояти Хатлон Аловиддин Абдулозода дар нишасти хабарии ниҳодаш қайд кард, ки ҳоло дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Кӯшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Шоҳин ва Данғара осрхонаҳои таърихиву кишваршиносӣ фаъолият надоранд.

Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки дар вилоят ҳоло 20 осорхона ба қайд гирифта шуданд, ки дар онҳо 32 ҳазору 703 нигора, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 577 адад зиёд мебошад ба қайд гирифта шудаст.

Ин шахси масъул илова кард, ки соли гузашта хонандагони китобхонаҳои вилоят 342 ҳазору 537 нафаро ташкил медиҳад, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 35 ҳазору 264 нафар кам мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here