Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети 9 шаҳру ноҳия барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ, ки аксарашон таъмирталаб мебошанд 658 ҳазору 645 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нокифоя аст. Дар ин бора сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар Файзуллозода Насрулло дар нишастӣ матбуотии ниҳодаш хабар дод.

— Ин шаҳру ноҳияҳо Қубодиён, Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Ҷайҳун, Ёвон, Дӯстӣ, Хуросону Шаҳритузанд, ки барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ то андозае маблағ ҷудо карданд, — гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, чор ноҳияи дигар — Панҷ, Кӯшониён, Вахш ва ноҳияи Носири Хусрав барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаашон ҳатто як сомонӣ ҷудо накардаанд.

— Ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби мақомоти мазкур боиси иҷро нашудани қарори ҳукумати кишвар таҳти рақами  639, ки таъмири роҳҳои маҳалиро ба зиммаи онҳо гузоштааст, гардидааст, — илова кард ӯ.

Дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки дар мувозинати муассисаи мазкур 1 ҳазору 880,7 километр роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта мавҷуд аст, ки аз он 70 дарсадаш ба таъмири асоси ниёз доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here