Дар вилояти Хатлон то ҳол 57 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар хонаҳои шахсӣ, мактабу масҷид, бошишгоҳу дигар макон ҷойгир буда, барои қабули беморон ҷавобгӯ нестанд.
Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷурабой Саидов қайд кард, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 муассисаи тиббӣ дар масҷид, хирман, хонаҳои шахсӣ, вагон, мактаб, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва дигар ҷой гирифтааанд, ки инҳо 3 маркази саломатӣ ва 54 бунгоҳи тиббӣ мебошанд.
Чунин муасссиаҳо бештар дар ноҳияҳои Муъминобод 10 адад, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 8, Балҷувон 6, Қубодиён 6, Панҷ 5, Кӯшониён 5, Кӯлоб 4, Ҷалолиддини Балхӣ 3 Ховалинг 2, Дӯстӣ 2 ва ноҳияи Восеъ 3-ададӣ мебошанд.
— Мардум имрӯз аз ноилоҷӣ аз ҳамин бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ истифода мебаранд, ки ин ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҷавобгӣ нестанд, — илова кард номбурда.
Манбаъ қайд кард, ки бояд ин бунгоҳу марказҳо то соли 2021 пурра бо биноҳои нав дар ҷойҳои мувофиқ таъмин гарданд.
Аммо коршиносон бар он боваранд, ки то беш аз як соли дигар бунёди беш аз 57 бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ кори сода нест ва барои амалӣ кардани ин тадбир маблағи зиёд лозим аст.