Дар ду моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 529 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 ҳолат зиёд аст.

Аз шуьбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, ки бештар ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Кӯлоб, Ҷалолидини Балхӣ, Кушониён ва ноҳияи  Фархор ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки баьди ҷудо шудани ин оилаҳо 471 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here