Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ кормандони “Тоҷикстандарт”-и  вилояти Хатлон аз бозору мағозаҳо ва нуқтаҳои фурӯш 500 тонна маводи пасифату қалбакӣ ва мӯҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифтаанд.

Муовини сардори “Тоҷикстандарт”-и вилояти Хатлон Аскаралӣ Соҳибназарзода гуфт, ки аз ин миқдор мавод 13 тонна намак, ҳазор литр нӯшокиҳои сипиртӣ буданд, ки онҳоро кормандон зимни гузаронидани санҷишҳо дарёфт карда, аз фурӯш гирифтаанд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, дар ин давра 453 қоидавайронкунӣ ошкор шуда, шахсони мутасаддӣ ба маблағи 123 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here