Дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри бешигри бемории короновирус 5,3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва кормандони дастгоҳи раис як қисми ҳақмуздашонро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, гузарониданд.

Раиси вилоят тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳоро вазифадор кардааст, ки корҳои назоратиро дар ин самт пурзӯр намоянд, аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ худдорӣ варзида, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити арзандаи кориро барои табибон дар маҳал муҳайё намуда, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кумаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд.

Раиси вилоят инчунин дастур додааст, ки бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода шавад.

Бино ба иттилои  сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин аз ҷониби Акбар Ғуломов, соҳибкори ватанӣ, ки корхонаи “Ҳуаксин Ғаюр Семен”-ро роҳбарӣ мекунад, баҳри пешгирии ва паҳншави бемории короновирус ним миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here