Кормандони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  3 ҳазору 111 нафаро барои вайрон кардани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи  наздик 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ  ҷарима карданд.

Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Ҳурматзода Фатҳулло дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 ҳазору 605 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 1926,12 гектар ошкор карданд.

— Барои дар маҳал бартараф кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 3605 дастур, 3111 адад протоколу қарор дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба маблағи 1 миллиону 449 ҳазору 882 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки ба суратҳисоби махсуси  Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо 1 миллиону 210 ҳазору 929 сомонӣ ворид карда шудааст, -илова кард ӯ.

Итилоъ дода шуд, ки барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар ин давра ба мақомоти прокуратура 239 маводи маъмурӣ пешниҳод карда шуда, барои маҷбуран ситонидани ҷаримаҳо 124 маводи маъмурӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шудааст.

Зикр шуд, ки аз тарфи прокуратура нисбати маводи пешниҳодгардида тибқи қонунҳои амалкунанда чораҷуӣ карда шуда, дар маҳал 128 ҳолати қонунвайронкунии замин бартараф карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here