Дар 4 моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон 255 нафар сокину мансабдор барои партофтани партовҳо ва саривақт накашондани он ба маблағи 25 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шамсидин Халилов гуфт, ки мушкилии накашонидани партовҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, зеро дар бештари корхонаҳои коммуналӣ нақлиётҳо куҳнаву фарсуда шудаанд, ё баъзеаш як-ду техника дорад, ки ин барои саривақт кашонидани партовҳо басандагӣ намекунад.

— Аз ин рӯ, дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Леваканд, Кӯшониён, Ҷалолиддин Балхӣ, Шаҳритус, Дустӣ, Ҷайҳун ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ партовҳо саривақт кашонида намешаванд, ки ин боиси гирифтор шудани ба ҳар гуна беморӣ ва ифлос шудани ҳифзи муҳити зист мегардад, илова кард, — Ш. Халилов.

Манбаъ гуфт,  вақти он расидааст, ки масъулони шаҳру ноҳияҳо ва идораву вазоратҳо бояд сари ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир кунанд.

Дар ҳақиқат мушкилии саривақт накашонидани партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сокинонро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо аз он нигаронӣ мекунанд, ки тобистон фаро расидасту аз буйи ғализи партовҳо дару тирезаҳои хонаҳояшонро кушода наметавонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here