Дар даҳ моҳи соли равон аз марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 467 ҳайвони дайду, махсусан сагҳо, безарар гардонида шудаанд.
Мутахассиси соҳаи хоҷагии манзилию комуналӣ дар вилояти Хатлон Рустам Гадоев гуфт, ки аз шумораи умумии ҳайвонҳои безараргардондашуда 2 ҳазору 401 саги дайду, 48 гурба ва 18 ҳайвони дигаранд.
Ин шахси масъул гуфт, бештар дар марказҳо ҳайвонҳои дайдуро безарар мегардонанд, аммо мутасифона аз сабаби аз деҳот овардану гузоштани сагҳо ба марказҳои маъмурӣ, шумораи сагҳои дайду афзудааст.
Ӯ гуфт, корхонаи вилоятӣ ва ниҳодҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мошини махсуси дастгир кардани сагҳо ва ҷойи муайян барои нигоҳубини онҳоро надоранд.
Муовини директри корхонаи манзилию коммуналии шаҳри Бохтар Алишер Тағоймуродов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки сагҳоро ба маркази вилоят аз дигар шаҳру ноҳияҳо меоранд, ки ин ҳолат боиси зиёд шудани сагҳо дар шаҳри Бохтар гардидааст.
— То ин дам, аз меъёр зиёд, яъне 560 саги дайду безарар гардоннида шуданд, аммо боз шумораи сагҳои дайду дар маркази вилояти Хатлон зиёд мушоҳида мешавад, — илова кард ӯ.
— Дар 10 моҳи соли равон 3 ҳазору 512 нафар сокини вилояти Хатлон аз ҳайвонҳо осеб дида, як нафар фавтидааст, — гуфт муовини сардори назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Икром Барфаков ва илова кард, ки шумораи осебдидагон аз ҳайвонҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёд аст.