Кормандони Кумитаи идораи замини Хатлон дар се моҳи соли равон дар вилоят 1953 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 1836,25 гектар ошкор кардаанд.

Муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Хоҷазода Амиралӣ гуфт, зимни гузаронидани санҷишҳо ин қонуншиканиҳо ошкор карда шудаанд.

Ба гуфти ӯ, 1576 адад протоколу қарорҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ қабул гардида, гунаҳкорон ба маблағи 614 115 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чунин қонуншиканӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 199 ҳолат зиёд мебошад.

— 206 ҳолати худсарона ғасб намудани заминро нозирони идораи мазкур дар ин давра ошкор кардаанд, ки майдони он 42 гектаро ташкил медиҳад, — гуфт Хоҷазода Амиралӣ.

Гуфта шуд, ки баҳри пешгирии қонуншиканӣ дар ин самт аз тарафи кормандони Кумитаи  идораи замини вилоят ва башҳои он дар шаҳру ноҳияҳо миёни аҳолӣ суҳбату вохуриҳо баргузор мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here