Соли 2019-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 640  оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2018-ум 264 ҳолат зиёдаст. Дар ин бора сардори Раёсати аснод ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода дар нишасти хабрӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, аз  ин шумора  2 ҳазору 53 ҳолати он тариқи ҳалномаи суд, 576 ҳолат бо розигии оилаҳое, ки фарзанд надоштанд ва 11 адади он бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин ҳолат нигаронкунада аст.

— Аз 2 ҳазору 640 оилаи ҷудошуда 1 ҳазору 750 ҳолати онро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, — илова кард Зинатгул Сафарзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here