Кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2019-ум нисбати 174 нафар барои харобкории ҷангал санад тартиб дода, онҳоро ба маблағи беш аз 27 ҳазору 880 сомонӣ ҷарима карданд.

Муовини сардори хоҷагии ҷангали вилоят Назирзода Қуваталӣ гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии кормандони ҷангал ин ҳифзи ҷангал аз қонунвайронкуниҳо мебошад.

Манбаъ гуфт, бештар қонуншиканииҳои ошкоршуда, шикори ҳайвоноту парандагон, буридани дарахтон ва  чорвочаронии худсарона дар ҷангалзорҳо мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here