Соли гузашта баъзе роҳбарон коргарони худро худсарона аз ташкилоту идораҳо ронда буданд, ки онҳо бо ёрии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дубора ба ҷойҳои корашон барқарор карда шуданд.
Ин нуктаро раиси шӯрои мазур Абдурозиқ Ризоев зимни нишасти хабариаш ба рузноманигорон хабар дод.
Ба гуфти ӯ, бештари коргарони рондашудае, ки дубора ба корашон баргаштанд, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ буданд.
Гуфта шуд, соли 2018-ум 11 нафар ва дар соли 2019-ум 5 нафар дубора ба корҳои пешинаашон барқарор шуданд, ки 9 нафар аз минтақаи Кӯлоб ва 2 нафар аз минтақи Бохтаранд.