Ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаю бахшҳои он дар 8 моҳи аввали соли равон 26 ҳазору 700 нафар шахси бекор муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 22 ҳазору 225 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 13 ҳазору 725 нафараш мақоми бекорӣ дода шудааст.

Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, ки аз шумораи аҳолии бекоре, ки дар ин давра муроҷиат кардаанд, 15 ҳазору 177 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра 243 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар вилояти Хатлон баргузор карда шудааст, ки тариқи ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 691 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки аз онҳо 1 ҳазору 202 нафар занҳо ҳастанд.

Дар ин давра, ҳамчунин, аз рӯи 34 ихтисос 14 ҳазору 732 нафар бекор ба бозомӯзӣ ҷалб карда шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ гардидаанд.

Тибқи иттилои расида дар ин давра ба 2 ҳазору 581 нафар сокини вилояти Хатлон ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ ёрипулӣ дода шудааст.

Добавить комментарий