Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 140 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта чор ҳодиса зиёд аст.

Муовини роҳбари Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон Саидмукаррам Раҳматзода имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, зарари 140 сӯхтор зиёда аз 5 миллиону 288 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, ки зиёда аз 4 миллионаш зарари сӯхтори бозори ноҳияи Шаҳритуз аст.

— Сӯхтори бозори Шаҳритуз аз яхдон рух дода аст, ки ҳоло нисбати барқчӣ Давлатов  ва раиси бозор Каримов Насим парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 192 ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст, — гуфт роҳбари Раёсати мазкур.

— Бояд гуфт, ки дар бозори Шаҳритуз рӯзи 24-уми май  соли ҷорӣ сӯхтор ба амал омада буд, ки дар натиҷа қариб пурра дӯкону мағозаҳои соҳибкорон ва молу мулкашонро ба коми оташ рафт, — гуфт Садридинхон Султонзода дар нишасти хабарӣ.

— Бар асари 140 сӯхтори рухдода дар Хатлон  ду нафар аз ноҳияи Кӯшониён вафот кардаанд, ки як нафари онҳо духтарчаи ноболиғ аст, -илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд,к и маблағҳои эмин ва наҷот додани молу мулки давлатию ҷамъиятӣ аз сӯхторҳои рухдода 55 миллиону 658 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳанд.

Омилҳои сар задани сӯхтор дар аксар ҳолат норасоии ноқилҳои барқӣ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқию газӣ  ва беаҳмтятии шаҳрвандон мебошад. Ба гуфти масъулони Раёсати мазкур ҳодисаҳои сӯхтор дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳритуз, Кӯшониён, Норак, Носири Хусрав, Вахш, Восеъ Ҳамадонӣ, Балҷувон, Мӯъминобод, Ёвон ва Данғара нисбати соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here