То рӯзи 27-уми апрели соли 2020 нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар дар вилояти Хатлон 90 дарсад иҷро шудааст.
Тавре аз комисарияти ҳарбии вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, то имрӯз 13 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон — Шамсидин Шоҳин, Данғара, Норак, Хуросон, Носири Хусрав, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод, Фархор, Бохтар, Панҷ, Вахш ва Темурмалик пурра аз иҷрои даъвати баҳорӣ баромаданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло 12 шаҳру ноҳияи дигари вилоят талош доранд, рузҳои наздик нақшаи даъватро иҷро кунанд.
Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли равон оғоз шудаву то охири моҳи май идома хоҳад кард.