Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 13 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Диловар имрӯз, 15-уми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз 13 ҳолати худкушии хонандагон 7 ҳолат аз ҷониби духтарон 6 ҳолати дигар аз ҷониби писарон рух додааст.

Манбаъ илова кард, ки омилҳои асосии худкушии хонандагон бемории рӯҳӣ мебошад.

Дар нишаст зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 75 ҳолати содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳолат кам аст.

— Ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби 54 нафар ноболиғ рух додааст, ки аз он 27 нафар хонандаи мактаб ва 27 нафари дигараш дар мактаб намехонанд, — илова кард сардори Раёсати маориф.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here