Дар вилояти Хатлон қарзи маош дар соҳаи саноат ба 10 миллиону 309 хазор сомонӣ баробар шудааст.

Роҳбари Шурои итифоқи касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш итттилоъ дод, ки бештари қарзҳо дар корхонаи «Нуриҳи осиёи»-и шаҳри Левакант, заводи кимиёвии Ёвон «Тоҷиккемекал»,  Тоҷиктелеком ва дар бахши хизмати коммуналиву Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят мебошанд. Зикр шуд, ки қарздорӣ дар соҳаи коммуналии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Ховалинг, Балхӣ ва Ҷайҳун бештар мебошад.

Ӯ гуфт, ки тибқи моддаи 158 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ташкилоту идора, корхона ва дигар корфармоҳо  навобаста аз шакли моликияташон бояд дар як моҳ як ё ду маротиба музди меҳнати кормандонро диҳанд, вале агар маош то панҷуми моҳ пардохт карда нашвад, он қарздорӣ ҳисобида мешавад.

— Аммо масъулони ташкилоту идораҳо, ки ба пардохти музди меҳнат вобаста шудаанд онро қарздорӣ не, таъхир мегуянд, ки ин дуруст нест, — афзуд номбурда.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here