Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон се ширкатеро номбар кард, ки дар бозори сӯзишвории мамлакат мавқеи ҳукмфармоӣ доштаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар шаш моҳи соли равон дар умум ба Тоҷикистон 238 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 115 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 83,5 ҳазор тонна бензин, 9,5 ҳазор тонна равғаҳои молиданӣ ва беш аз 7 ҳазор тонна мазут ворид карда шудааст.
— Хадамот дар бозори сӯзишвории кишвар фаъолияти се ширкатро санҷида, нархҳояшро таҳти танзими давлатӣ қарор додааст. Инҳо ширкатҳои “Газпромнефт-Тоҷикистон”, “Се ганҷ” ва Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, зеро онҳо дар бозори сӯзишвории мамлакат мавқеи ҳукмфармоӣ доранд,- гуфт дар нишасти матбуотӣ сардори нави Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Икромиддин Вализода.
Номбурда гуфт, ки назорати доимии Хадамот вазъи рақобатро дар бозори сӯзишворӣ таъмин месозад, то нарх бо созиши миёни ширкатҳои зикршуда боло бурда нашавад.
Ин дар ҳолест, ки арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз баландтарин нархҳо дар минтақа ба ҳисоб меравад ва ба хотири кам кардани хароҷот ронандагон аз гази моеъ истифода мебаранд, ки назар ба арзиши бензин 50 дарсад нархаш пасттар аст.
Феълан нархи 1 литр бензини навъи 92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба ҳисоби миёна 7 сомонӣ буда, як литр гази моеъ бошад, 3 сомонию чил дирамро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here