Имрӯз дар нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамот Саидвализода Б. С. қайд намуд, ки дар вақти иҷроиши санадҳои судӣ то инҷониб ягон ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамзамон, Ниёзӣ Қиёмиддин, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба рафти иҷроиши санадҳои судӣ оид ба масъалаҳои маскун намудан ба манзили истиқоматӣ зикр намуд, ки барои иҷроиши маҷбурӣ санади судӣ ба истеҳсолоти маҷбурӣ қабул мегардад.
Ба гуфтаи Ниёзӣ Қиёмиддин, асосан бе иҷро мондани санадҳои иҷроиш ин айби иҷрочиёни суд нест, зеро иҷрочиён дар доираи ваколатҳои худ талаботи қонуниро иҷро мекунанд. Бо сабаби байни аъзои оила ва худи соҳибмулк муноқиша сар задан, шахси маскуншуда худаш баромада меравад ва аз ҳамин сабаб санади судӣ иҷро намегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Хадамот 31 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ситонидани маблағҳои алимент, маскун намудан ва ситонидани маблағҳои қарзӣ қабул карда шуда, барои ҳалли ин муроҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида шудааст.
Аз ин шумора, дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот 22 588 ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 17 537 адади он аз мақомоти судӣ, 5020 адад аз дигар мақомот ва 31 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, тибқи талаботи онҳо истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст.