Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2018 аз Тоҷикистон бештар ба давлати Қазоқистон мол содир карда шудааст, ки дар муқоиса ба давлатҳои дигари хориҷӣ 29,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Хадамоти мазкур мегӯяд, содирот ба Туркия дар ҳаҷми 25,8 фоиз, Узбекистон 14,5, Афғонистон 6,7, Чин 5,3, Русия 5,1, Эрон 3,3, шоҳигарии Нидерландия 2,7 Тайван 1,6, ва Италия 1,5 фоиз сурат гирифтааст.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт:
— Дар самти воридоти мол ба Тоҷикистон Русия пешсаф аст. Дар соли сипаришуда, аз рӯи нишондодҳо, воридоти мол аз давлати Русия 30,8 фоизро дарбар гирифтааст. Ба Чин 18, 9, Қазоқистон 17,1, Туркия 4,0, Узбекистон — 4,0, Олмон – 3,1, Ҷопон – 2,2, Эрон – 2,0, Покистон – 1,7, Туркманистон – 1,5 дарсад рост меояд.
Гуфта шуд, соли гузашта гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар маҷмуъ 4 218,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 470,5 миллион доллар ё 13 фоиз зиёд будааст.