Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятии хабарнигори тоҷик Далер Шарифовро ба охир расонида, имрӯз, 16-уми апрел, ӯро барои як сол равонаи зиндон кард.
Дар мурофиаи навбатӣ, ки нимаи аввали имрӯз баргузор гардид, айбдоркунандаи давлатӣ барои хабарнигори тоҷик 2 солу 4 моҳи маҳрумӣ аз озодӣ талаб кард, аммо вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов хостори озод кардани зерҳимояаш аз толори суд шуда буд.
Имрӯз ҳам, чун мурофиаҳои қаблӣ, ҷамъи хабарнигорон ба толори суд роҳ дода нашуданд. Судяи парванда ин тасмимро бар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифта будааст.
Ёдовар мешавем, ки Далер Шарифов рӯзи 28-уми январи соли равон аз ҷониби мақомот боздошт гардид. Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал изҳорот нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, Далер Шарипов дар солҳои 2013-2019 беш аз 200 мақолаи «дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд».
Ин дар ҳолест, ки Далер Шарифов ва пайвандонаш иттиҳомоти мазкурро бепоя медонанд ва гуфтанд, ки ҳамчун як журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале «узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here