Сарвазири Гурҷистон Георгий Гахария эълон кард, ки ҳукумат пас аз дунёгир шудани коронавирус, вазъи фавқулодаро то 10-уми май тамдид хоҳад кард.
— Аз соати 9-и 15-уми апрел берун рафтан дар шаҳрҳои Кутаисӣ, Тиблисӣ, Батумӣ ва Русавӣ манъ карда шуданд. Ба гуфтаи Гахария, ҳанӯз маълум нест, ки эпидемия кай авҷ мегирад, — навиштааст Агентии иттилоотии “Аларабия” дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар.
Дар як рӯзи охир, дар Гурҷистон 24 нафар ба бемории коронавирус ташхис шудаанд. Теъдоди мубталоёни вируси корона дар кишвар то 296 нафар афзоиш ёфта, 3 кас ба ҳалокат расидааст.