Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон гуфтугӯ карданд. Онҳо вазъияти Осиёи Марказиро дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин суҳбат масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъияти минтақа табодули назар намуданд, ҳамчунин ҷадвали мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони давлатҳоро муҳокима карданд.

Ба гуфтаи раҳбарони ду давлат робитаҳои стратегии миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон беш аз пеш таҳким меёбанд. Ду кишвар барои тавсеаи  ҳамкориҳои васеъмиқёс, таъмини амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ин суҳбати телефонӣ ба рӯйдодҳои ахир дар Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷӯҳ зоҳир гардидааст. Ҷонибҳо роҳи ҳалли бӯҳрони кишвари ҳамсояро дар пиёда кардани музокирот арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз вазъият дар Қирғизистон, ки бар асари норизоиҳо аз натиҷаҳои интихоботҳои парлумонӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ибрози нигаронӣ кардааст.

Тавре дар хабари ВКХӮ омадааст, ин кишвар бо Қирғизистон ҳамсояи наздик ва ҳамкори стратегӣ мебошад  ва итминон дорад, ки вазъият  ба зӯдӣ дар он барқарор мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here