Ин навбат дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мавзӯи “Вожаи “тоҷик” дар сарчашмаҳои бостон” баррасӣ мегардад. 

Дар назар аст, ки маҳфили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» рӯзи 17-уми январ (панҷшанбе, соати 17:00) дар Кохи афсарон баргузор гардад.

Дар ин маҳфил муҳақиқ Муҳтарам Ҳотам дар мавзӯи «Вожаи «тоҷик» дар сарчашмаҳои бостон» андешаронӣ хоҳад кард.

Ба маҳфил, ҳамчунин, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷа дар Тоҷикистон, намояндагони ВАО-и кишвар, олимон, таҳлилгарон ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар даъват гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here