Дастаи мунтахаби наврсони футболбози Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев пирӯзии дуюмро дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021», ки дар Минск баргузор мешавад, ба даст овард.

Дар даври дувюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Молдова бо ҳисоби 5: 1 ғалаба кард. Голҳои задаи Хукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷӯрабекзода ва Сунатулло Азизов ба дастаи мо се хол оварданд.

Дар бозии дигари ин давр наврасони Қазоқистон бар дастаи мизбон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Дар даври аввали «Ҷоми рушд-2021» дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврсони Қазоқистонро бо ҳисоби 7: 1 мағлуб карда буд. Ҳоло Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар зинаи аввал аст.

Шогирдони Аҳдиддин Турдиев дар даври ниҳоӣ рӯзи шанбеи 6-уми феврал бо ҳамсолони худ аз Беларус бозӣ мекунад. Ин бозӣ соати 17:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here