24 кг 355 гр героин, 31 кг 860 гр ҳашиш, 277 кг 73 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 7 кг  70 гр афюн, дар маҷмӯъ 341 кг 196 гр маводи нашъаовар имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳузури хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ  сӯзонида шуданд. 

Гуфта мешавад, ин мавод аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буд.

Мегӯянд, ки дар давоми ҳаждаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда аз 20 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Агентӣ, соли 2017-ум 2 тоннаву 329 кг маводи мухаддир нобуд карда шудаанст, ки  назар ба соли 2016-ум 1 тоннаву 463 кг ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here