Дар ҳамлаи толибон ба дафтари волии Қандаҳор генерал Абдурозиқ, фармондеҳи полиси Қандаҳор ва яке аз афроди бонуфузи ҷануби Афғонистон кушта шуд. Раиси амнияти Қандаҳор низ аз ҷумлаи кушташудагони ин рӯйдод аст.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар паёми видеоие гуфт, ки ҳайате ба раҳбаири раиси амнияти миллии Афғонистонро ба Қандаҳор фиристодааст, то вазъиятро аз наздик зери назар гирад.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки фармондеҳи нируҳои ҳимояти қотеъ ва мақомҳои маҳаллӣ дар дафтари волӣ ҷаласа доштанд. Генерал Шариф Яфталӣ, раиси артиши Афғонстон дар як нишасти хабарӣ ҳамла ба дафтари волии Қандаҳорро як амали террористӣ хонд ва афзуд: «Имруз, соати сеюними баъд аз зӯҳр як террорист, ки аз гузашта омӯзиш ёфта буд, ба масъулони амниятӣ ҳамла кард».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here