Пурра машғул шудани системаҳои тандурустии ҷаҳон барои мубориза бо коронавирус боис шудааст, ки бемории дигари хатарнокеро, ки ҳеч куҷое нарафтааст ва қурбониаш идома дорад, фаромӯш шавад. Дар ин бора миллиардери амрикоӣ, муассиси Microsoft Билл Гейтс дар блоги худ изҳор дошт.

— Марговартарин ҳашароти ҷаҳон ҳангоми ҳамагир шудани коронавирус ором нагирифт. Хомӯшакҳо, ки боиси авҷи бемории малерия ҳастанд, ҳар шаб миллионҳо одамро газида бо вараҷа сироят мекунанд ва ин беморӣ дар ҳар дуюм дақиқаи  рӯз як кӯдакро ба ҳалокат мерасад, — мегӯяд Билл Гейтс.

Ба гуфтаи Гейтс хомӯшакҳо «моск намезананд» ва масофаи иҷтимоиро риоят намекунанд ва барои бисёр кишварҳое, ки мушкил аллакай ҷиддӣ аст, баландтарини нуқтаи гирифторӣ ба коронавирус ба мавсими вараҷа рост омадааст.

— Дар давоми авҷи бемории эбола соли 2014 дар Африқои Ғарбӣ, шумораи фавт аз бемориҳои эндемикӣ, аз қабили вараҷа, сил ва НВМИ (ВИЧ/СПИД), нисбат ба эбола хеле зиёд буд, зеро эпидемия кори системаҳои маҳаллии тандурустиро халалдор кард, — менависад Гейтс.

Вай бар ин назар аст, ки дар вазъияти паҳншавии коронавирус низ метавонад чунин ҳодиса  рух диҳад ва агар вазъро ислоҳ кардан имконнопазир шавад, он гоҳ сатҳи марг аз вараҷа метавонад ба сатҳи соли 2000, ки 764 ҳазор нафар фавтиданд, расад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here