Аз соли нав интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора барқарор хоҳад шуд. Панҷ сол мешавад, ки хонаҳои тоҷикистониён аз гармии гази Ӯзбекистон маҳрум буд ва ба назар мерасад, ки алҳол, дубора ҳам онро нахоҳад дид.

АИ «АП» иттилоъ медиҳад, ки миёни ширкатҳои марбут ба истихроҷу таҳвили гази давлатҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, «Тоҷиктрансгаз» таваҷҷуҳ ва талаботи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба гази табииро муайян мекунад.

Марҳилаи аввали гуфтушунид дар ин хусус як моҳ қабл дар Тирмиз доир гардида, аввали моҳи ноябр ширкатҳои дахлдори кишварҳо зимни вохӯрӣ дар Тошканд арзиш ва ҳаҷмҳои эҳтимолии интиқоли газ ба Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Дар ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар ин робита ба ин Агентӣ гуфтаанд, ки агар интиқоли гази табиӣ барқарор шавад, он ба аҳолӣ дода намешавад, зеро зербинои ин сохтор қариб даҳ сол аз истифода канор монда, куҳнаву фарсуда шудааст. Истифода аз чунин лӯлаҳо хатари зиёд дорад ва ҳамчунин ба гумон аст, ки аҳолӣ ба пардохти маблаги гази воридотӣ қодир бошад.

«Ширкат дар ин масъала танҳо бо корхонаҳои саноатии манфиатдор ба гирифтани гази табиӣ аз Ӯзбекистон гуфтушунид дошта, баъди ҳаллу фасли масъалахои омодагӣ ва талаботи корхонаҳо, ба «Ӯзбектрансгаз» ҳаҷми мушаххаси интиқол пешниҳод мекунад ва бар асоси он ҷонибҳо арзиши онро мувофиқа хоҳанд кард», — гуфтаанд аз «Тоҷиктрансгаз».

 

Дар ҳамин ҳол, ТАЛКО изҳор кардааст, ки ба гази Ӯзбекистон эҳтиёҷи шадид надорад ва танҳо барои истеҳсоли анод аз газ истифода мешавад. Дар сурати лозим шудан, сари ин масъала фикр хоҳанд кард. ТАЛКО дар истеҳсоли алюминиум аз ангишт, ки аз кони Фони ноҳияи Айнӣ истихроҷ мешавад, истифода мекунад.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here