Вазъи ҳаво дар Тоҷикистон то 31-уми июл бетағйир монда, ҳарорати ҳаво рӯзона ба 43-45 дараҷа мерасад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона 18+20 ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.