Воридоти гӯшти пастсифати мурғ ба кишвар боис гаштааст, ки сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб аз мансабаш барканор шавад. Дар ин бора муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти гумрук дар робита бо қазияи гӯшти мурғ чанде аз роҳбарони идораҳо танбеҳ гирифта, бархе аз вазифа озод шуданд.

Ҳамзамон, ӯ Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳамчунин роҳбари кордону соҳибтаҷриба тавсиф намуда, гуфт: «Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳукумат ба кори дигар гузаронд ва мо бовар дорем, ки дар он ҷо низ фаъолияти худро пурсамар идома хоҳад дод».

Мавриди зикр аст, ки ки охири моҳи ноябри соли гузашта президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат аз сифати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ, нигаронӣ карда буд.

Он вақт бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Ибодулло Қурбониён, сардори Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзӣ Шералӣ Вазиров ва сардори Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.

Абдуфаттоҳ Ғоиб 18-уми январ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби сардори Хадамоти гумрук озод карда шуд, аммо то ҳол ба кадом вазифаи нав рафтани ӯ эълон нашудааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here